Декабр 31, 2018 20:28 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Эрон бо ҳайъате аз Толибон дар Теҳрон

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт, бо иттилои давлати Кобул, рӯзи якшанбе ҳайъате аз Толибон бо ҳайъате аз Эрон музокира карданд.

Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ, аз дидор ва гуфтугӯи ҳайъате аз Толибон бо муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон дар Теҳрон хабар дод.

Қосимӣ гуфт: Баъд аз сафари ҳафтаи гузаштаи Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ба Кобул ва дидор бо мақомҳои олирутбаи Афғонистон, ҳайъате аз Толибон рӯз гузашта дар Теҳрон бо ҳайъати эронӣ ба раёсати Саидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон музокира кард.

Вай афзуд: Толибон тамоюл ба музокира бо Эрон доштанд ва музокирот бо иттилои давлати Афғонистон анҷом шуд.

Қосимӣ ҳадафи аслӣ аз музокироти Эрон бо Толибонро ёфтани роҳкорҳое барои кумак ва мусоидат ба гуфтугӯҳо байни гурӯҳҳои афғон ва давлати ин кишвар барои пешбурди раванди сулҳ дар Афғонистон зикр кард.

 

 

Барчасп