Январ 02, 2019 17:43 Asia/Dushanbe

Раисҷумҳури исломии Эрон бо ишора ба сафари пинҳонии раисҷумҳури Амрико ба Ироқ гуфт: Амрикоиҳо ҷуръат надоранд, байни мардуми Ироқ, Сурия, Лубнон ва Яман зоҳир шаванд.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҷаласаи ҳайъати давлат гуфт: Амрикоиҳо аз 2003 муддаӣ буданд, ки наҷотдиҳандаи мардуми Ироқ ва Афғонистон будаанд, аммо агар Амрико Ироқро наҷот додааст, чаро Трамп сафари расмӣ ва аланӣ ба ин кишвар анҷом надод?

Вай тасреҳ кард: Сафари шабона ва махфиёнаи Трамп ба Ироқ ва тарки сареи ин кишвар, нишонгари шикасти Амрико дар минтақа аст.

Раисҷумҳури исломии Эрон ибрози умедворӣ кард, мақомҳои Кохи Сафед дар 2019 аз шикастҳои худ дарси ибрат бигиранд ва дар умури дохилии мардуми минтақа ба вижа миллати Фаластин дахолат накунанд.  

Рӯҳонӣ бо ишора ба таҳримҳои золимонаи Амрико зидди Эрон гуфт: Фаъолиятҳои иқтисодии Эрон бо вуҷуди фишорҳои душманон, мусбат ва умедворкунанда аст.

Раисҷумҳури исломии Эрон таъкид кард, ба ҳеҷ унвон амрикоиҳо ба ҳадафи худ, ки ҷилавгирӣ аз содироти нафт ва муштаққоти он аз Эрон аст, даст нахоҳанд ёфт.

 

Барчасп