Ибрози ҳамдардии Эрон бо давлат ва миллати Русия
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i40655-Ибрози_ҳамдардии_Эрон_бо_давлат_ва_миллати_Русия
Дар паи инфиҷори маргбори як сохтмони маскунӣ дар Русия сухангуи Вазорати хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон бо хонаводаи қурбониён, миллат ва давлати Русия ибрози ҳамдардӣ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 02, 2019 16:57 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ҳамдардии Эрон бо давлат ва миллати Русия

Дар паи инфиҷори маргбори як сохтмони маскунӣ дар Русия сухангуи Вазорати хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон бо хонаводаи қурбониён, миллат ва давлати Русия ибрози ҳамдардӣ кард.

Баҳроми Қосимӣ аз вуқуи инфиҷор дар як бинои маскунӣ дар шаҳри Магнитогорски Русия, ки даҳҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт, ибрози таассуф кард.  

Вай ин ҳодисаи талхро ба хонаводаи қурбониён, давлат ва миллати Русия таслият гуфт.

Як сохтмони маскунӣ дар шаҳри Магнитогорски Русия рӯзи душанбе бар асари инфиҷори газ фуру рехт.  

Токунун 19 ҷасад аз зери овор берун кашида шуда ва аз сарнавишти 25 нафар аз ҷумла як модари тоҷик ва се кӯдаки ӯ хабаре дар даст нест.