Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Ховари Миёна ба гӯристони орузҳои Амрико табдил шуд
(last modified Fri, 04 Jan 2019 12:04:06 GMT )
Январ 04, 2019 17:04 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Ховари Миёна ба гӯристони орузҳои Амрико табдил шуд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт: Ховари Миёна ва ғарби Осиё бо муқовимати миллати Эрон ба гӯристони орузҳои Амрико табдил шуд.

Ҳуҷҷатулислом Муҳаммадҷаводи Ҳоҷалиакбарӣ хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Сурия ва ҳузури шабонаи Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико дар пойгоҳи низомиёни ин кишвар дар Ироқ афзуд: Ҳузури Амрико дар минтақаи ғарби Осиё накбат ва бадбахтиро барои ин кишвар ба армуғон овард.

 Ҳуҷҷатулислом Муҳаммадҷаводи Ҳоҷалиакбарӣ бо баёни инки режими саҳюнистӣ дар баробари муқовимати миллати Эрон рӯзҳои сахтеро пушти сар мегузорад, гуфт: Ҳизбуллоҳи Лубнон, Ҳашдушшаъбии Ироқ, Ансоруллоҳи Яман, инқилоби мардуми Баҳрайн, ҷунбиши исломӣ дар Нигерия аз ҷумлаи занҷираҳои муқовимат дар баробари Амрико аст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон тасреҳ кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон илҳомбахши муқовимат дар минтақа аст ва бо шикасти ДИИШ, эътилофи беарзиши Амрикоро бо буҳрони мавҷудият мувоҷеҳ кард.

Ҳуҷҷатулислом Муҳаммадҷаводи Ҳоҷалиакбарӣ ҳамчунин дар остонаи чиҳилумин солгарди пирӯзии миллати Эрон бар режими тоғут, инқилоби исломиро таваллуди дубораи як миллат тавсиф кард, ки бо раҳбарии ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ) муҳаққақ шуд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон афзуд: Миллати Эрон дар солгарди чаҳор даҳаи пирӯзии инқилоби исломӣ, имсол мутафовиттар аз солҳои гузаштаи пирӯзии ҳақ бар ботилро ҷашн хоҳад гирифт.

 

Барчасп