Январ 05, 2019 18:27 Asia/Dushanbe
  • Шатранҷбози эронӣ аз рақобат бо намояндаи режими саҳюнистӣ худдорӣ кард

Ба гузориши ИНА, Орияни Ғуломӣ, шатранҷбози эронӣ, ки дар мусобиқоти барқосои Ҷоми ритони Шветсия то даври ҳафтум бидуни шикаст боло омада буд, дар даври ҳафтум аз рӯёрӯӣ бо намояндаи режими саҳюнистӣ худдорӣ кард.

Ғуломӣ бо худдорӣ аз бози бо рақиби исроилӣ, як имтиёз аз даст дод.

Орияни Ғуломӣ дар даври нӯҳум ҳам муқобили намояндаи Фаронса шикаст хӯрд то ба ҳафт имтиёз бирасад ва ноиб қаҳрамон шавад.

Намояндаи Фаронса бо ҳашт имтиёз ба унвони қаҳрамонӣ расид ва намояндаи режими саҳюнистӣ бо ҳафт имтиёз баъд аз Орияни Ғуломӣ дар раддаи сеюм қарор гирифт.

Ҷумҳурии Исломии Эрон, режими саҳюнистиро ба расмият намешиносад ва дар чорчӯби ин сиёсати усулӣ, варзишкорони Эрон дар рақобатҳои ҷаҳонӣ дар ҳар риштае, ки дар баробари намояндаи режими саҳюнистӣ қарор гиранд, ба хотири ҳимоят аз ормони миллати мазлуми Фаластин бо намояндаи ин режим мусобиқа намедиҳанд.

 

Барчасп