Январ 05, 2019 18:42 Asia/Dushanbe
  • Гузориши муовини вазири хориҷаи Эрон аз музокира бо Толибон барои Ашраф Ғанӣ

Муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон бо раисиҷумҳури Афғонистон дидор ва дар бораи роҳҳои густариши муносиботи дуҷониба бо ӯ, гуфтугӯ кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи Ал Олам, Саид Аббоси Ироқчӣ рӯзи шанбе дар сафар ба Кобул бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар Арги раёсатҷумҳурии Афғонистон дидор кард.

Муовини вазири хориҷаи Эрон дар дидор бо Ашраф Ғанӣ дар бораи дидори ахири мақомоти эронӣ бо Толибон ба ӯ гузориш дод.

Ҳайате аз Толибон ҳафтаи гузашта дар сафар ба Эрон бо Ироқчӣ дидор ва гуфтугӯ карда буданд.

Муовини вазири хориҷаи Эрон ва раисиҷумҳури Афғонистон ҳамчунин дар робита бо роҳҳои беҳбуди ҳарчӣ бештари муносиботи ду кишвар ва чигунагии истифодаи беҳтар аз бандари Чобаҳори Эрон баҳсу табодули назар карданд.

Ироқчӣ қарор аст, дар Кобул бо мақомоти аршади давлати Афғонистон дар бора бархе аз масоил, аз ҷумла кумитаҳои панҷгона байни ду кишвар низ машварат кунад.