Январ 06, 2019 17:23 Asia/Dushanbe
  • Баргузории Ҳамоиши байналмилалии дифоъ ва амният дар ғарби Осиё душанбе дар Теҳрон

Ҳамоиши байналмилалии дифоъ ва амният дар ғарби Осиё бо ҳузури шахсиятҳои сиёсӣ, дифоӣ, амниятӣ ва соҳибназароне аз Осиё ва Аврупо фардо дар Теҳрон баргузор мешавад.

Дар ин ҳамоиши якрӯза, ки бо суханронии Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон оғоз ба кор мекунад, шахсиятҳои сиёсӣ, дифоӣ, амниятӣ ва соҳибназароне аз Осиё ва Аврупо ба ташреҳи дидгоҳҳои худ дар хусуси амнияти минтақа, терроризм, ифротигарӣ ва таъсироти манфии дахолати хориҷӣ дар минтақа мепардозанд.  

Чигунагии мудирияти буҳронҳои минтақаӣ бо таъкид бар зарурати таваққуфи дахолати Амрико ва режими саҳюнистӣ дар минтақа ва таъсироти манфии иқдомоти онҳо дар ноамнии минтақа, зарурати контроли таслиҳот дар ғарби Осиё ва иҷтиноб аз мусобиқаи таслиҳотӣ дар кишварҳои минтақа бо таъкид бар таҳдидоти силоҳҳои ҳастаии режими саҳюнистӣ барои сулҳ ва амнияти минтақа аз меҳварҳои ин ҳамоиши якрӯза аст.

 

Барчасп