Январ 08, 2019 13:11 Asia/Dushanbe
  • Тамҷиди ФИФА аз тими миллии футболи Эрон

Федератсияи Байналмилалии Футбол (ФИФА) шаби душанбе дар торнамои худ ба тамҷид аз тими миллии футболи Ҷумҳурии Исломии Эрон пардохт.

ФИФА баъд аз пирӯзии Эрон дар баробари Яман навишт, қаҳрамонии ин давраи Ҷоми миллатҳои Осиё авҷ гирифт. Сойти ФИФА афзуд, тими миллии футболи Эрон бо бартарии қотеъ дар баробари Яман барои тимҳои дигар хату нишон кашид.

Тими милли футболи Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз муддаиёни аслии касби унвони қаҳрамони ҳабдаҳумин давраи рақобатҳои Ҷоми миллатҳои Осиё нахустин дидори худ дар ин рақобатҳоро бо пирӯзии 5 бар сифр баробари Яман ба поён бурд. Маҳдии Торамӣ дар дақоиқи 12-у 25, Ашкон Дижогаҳ дар дақиқаи 23, Сардори Озмун дар дақиқаи 53 ва Сомони Қуддус дар дақиқаи 78 барои Эрон голзанӣ карданд.

Тими миллии футболи Эрон дар дувумин дидори худ дар Ҷоми миллатҳои Осиё рӯзи шанбе, 12 январ ба мусобиқа бо тими миллии Ветнам хоҳад рафт.

Тими футболи Эрон дар ҳабдаҳумин давраи рақобатҳои Ҷоми миллатҳои Осиё дар гурӯҳи “D” бо Яман, Ветнам ва Ироқ ҳамгурӯҳ аст.

Ҳабдаҳумин давраи Ҷоми миллатҳои Осиё бо ҳузури 24 тим аз панҷуми январ то аввали феврали соли 2019 ба мизбонии Иморот баргузор мешавад.