Январ 09, 2019 12:08 Asia/Dushanbe
  • Се зани эронӣ дар феҳристи 50 донишманди зани Осиё

Номи се зани эронӣ дар байни 50 донишманди сабтшуда дар китоби “Шарҳи ҳоли донишмандони зани Осиё” қарор гирифтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз ИРНА, Тоҳира Коғазчӣ ва Заҳро Имомҷумъа - ду донишманди эронӣ ҳастанд, ки аз тарафи Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии Исломии Эрон номи онҳо барои муаррифӣ ба унвони барҷастатарин занони Осиё дар улум ва муҳандисӣ ба ҷомеаи илмии Осиё эълом шудааст.

Дар ин китоб, ки аз сӯйи Анҷумани академияҳои улум ва ҷомеаҳои илмии Осиё интишор ёфта, номи Тоҳира Коғазчӣ, узви гурӯҳи улуми муҳандисии Фарҳангистони улум ва устоди муҳандисии химияи Донишгоҳи санъатии Амир Кабири Теҳрон ва Заҳро Имомҷумъа, устоди улуми муҳандиси саноеи ғизоии Донишгоҳи Теҳрон ба сабт расидааст.

Маҳшед Фирӯзӣ низ донишманди эронии дигаре аст, ки номи ӯ аз тариқи Академияи улуми Австралия ба унвони яке аз ду донишманди зани барҷастаи ин кишвар муаррифӣ шудааст.

Маҳшед Фирӯзӣ лисонс ва фавқуллисонси муҳандисии химияи худро аз Донишгоҳи илму санъати Эрон дарёфт карда ва фориғуттаҳсили доктории муҳандисии химия аз Донишгоҳи Куинсланди Австралия аст.

Китоби “Шарҳи ҳоли донишмандони зани Осиё” бо ҳадафи ироаи улгуҳои муваффақ барои духтарон ва занон ва ташвиқи онон барои пешрафт ва идомаи таҳсил дар риштаҳои илмӣ мунташир шудааст.

 

 

Барчасп