Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Низоми исломӣ, дастоварди амали солеҳ аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i40867-Хатиби_ҷумъаи_Теҳрон_Низоми_исломӣ_дастоварди_амали_солеҳ_аст
Хатиби ҷумъаи Теҳрон гуфт: Низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷабҳаи муқовимат, ки ҷаҳони истикборро ба ҳайрат фурӯ бурдаанд, дастоварди амали солеҳ ҳастанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 11, 2019 18:43 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Низоми исломӣ, дастоварди амали солеҳ аст

Хатиби ҷумъаи Теҳрон гуфт: Низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷабҳаи муқовимат, ки ҷаҳони истикборро ба ҳайрат фурӯ бурдаанд, дастоварди амали солеҳ ҳастанд.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Муҳаммадҳасани Абутробифард дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон афзуд: Барои ҳаракат, истеҳком ва қудрати ҷомеаи инсонӣ ва исломӣ бояд ба ҳавзаи иқтисод таваҷҷуҳи вижае шавад.

Вай ҳамчунин гуфт: Агар ҷомеаи инсонӣ ва исломӣ дар ҳамаи арсаҳои зиндагӣ олимона ва оқилона, бо ҳадафи мушаххас қадам бармедорад ва ба пешрафт ва тавсиа фикр мекунад, нигоҳаш бо нигоҳи тавсиаии ҷаҳони ғарб мутафовит аст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба солрӯзи риҳлати оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон, барои он олими муҷоҳид, ки солҳо барои низоми исломӣ талош кард, ғуфрон ва раҳмати илоҳиро дархост кард.

Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон, ҳаштуми январи 2017 бар асари бемории қалбӣ дар Теҳрон даргузашт.