Январ 12, 2019 13:52 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои амалиёти муштараки ПАҲПОД ва ҷанганда барои нахустин бор дар Эрон

Фармондеҳи Нерӯи ҳавоии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аз иҷрои нахустин амалиёти муштараки ҳавопаймоҳои ҷанганда ва бомбафкан ба ҳамроҳи ПАҲПОД (парандаи ҳидоятпазир аз роҳи дур) ё ҳавопаймои бидуни сарнишин дар Эрон хабар дод.

Амир сартип Азиз Насирзода, фармондеҳи нерӯи ҳавоии артиши Эрон рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт, дар размоиши “Иқтидори ҳавои фидоиёни ҳарими вилоят 97”, ки аз назари фармондеҳӣ ва контрол мунҳасир ба фард аст, ҳамзамон паҳподи размӣ ва ҳавопаймо бо сарнишини размӣ ба манзури нобуд кардани ҳадафи мавриди назар ба парвоз даромаданд ва амалиёти муштаракеро иҷро карданд.

Сартип Насирзода афзуд, дар канори ин ду парандаи размӣ, як паҳподи шиносоӣ низ ба парвоз даромад то саҳнаи набардро расад ва ба маркази фармондеҳӣ ва контрол гузориш диҳад.

Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо бархурдорӣ аз анвои паҳподҳои шиносоӣ, размӣ ва ҷанги электроникӣ яке аз қудратмандтарин ягонҳои паҳподии минтақаро дар ихтиёр дорад.

Ҳаштумин размоиши “Иқтидори ҳавоии фидоиёни ҳарими вилоят 97”, ки дар рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъаи гузашта баргузор шуд, бо дастёбӣ ба ҳамаи аҳдофи аз пеш таъйиншуда, рӯзи ҷумъа дар Исфаҳон поён ёфт.

Дар ин размоиш анвои мушакҳои лазерӣ, радарӣ ва анвои ракетаҳо ва бомбаҳои ҳушманд ва сомонаҳои иртиботӣ ва ҷанголии тавлидшуда тавассути мутахассисони санъати дифоии эронӣ мавриди истифода ва тести амалиётӣ қарор гирифт.

 

 

 

Барчасп