Январ 12, 2019 19:44 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии тими миллии футболи Эрон баробари Ветнам

Дар чорчӯби мусобиқоти футболи Ҷоми миллатҳои Осиё 2019 дар Иморот, тими миллии футболи Эрон, Ветнамро шикаст дод.

Дар ин дидор, ки асри рӯзи шанбе дар варзишгоҳи Оли Наҳёни Абу Забӣ баргузор шуд, тими футболи Эрон бо натиҷаи 2 бар сифр баробари тими Ветнам ба пирӯзӣ расид.

Ҳарду голи Эронро дар ин бозӣ Сардор Озмун дар дақиқаҳои 38 ва 70 ба самар расонд.

Эрон бо ин натиҷа, шаш имтиёзӣ шуд ва бо ҳафт голи зада ва бидуни голи хӯрда дар садри гурӯҳи “D” қарор гирифт.

Аз соати 17 ба вақти Теҳрон дар бозии дуввуми имрӯзи гурӯҳи “D”, ду тими Ироқ ва Яман ба масоф ҳам хоҳанд рафт.

Соати 19:30 имшаб низ аз гурӯҳи “E” тимҳои Лубнон ва Арабистон дидор хоҳанд кард.