Сафари ҳайъати баландпояи Эрон ба раёсати Зариф вазири умури хориҷа ба Ироқ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i40934-Сафари_ҳайъати_баландпояи_Эрон_ба_раёсати_Зариф_вазири_умури_хориҷа_ба_Ироқ
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дар садри ҳайъати баландпоя вориди Бағдод, пойтахти Ироқ шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 13, 2019 19:29 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳайъати баландпояи Эрон ба раёсати Зариф вазири умури хориҷа ба Ироқ

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дар садри ҳайъати баландпоя вориди Бағдод, пойтахти Ироқ шуд.

Вазири умури хориҷаи Эрон барои анҷоми як сафари чаҳоррӯза ва дидор бо мақомоти Ироқ ва ҳамчунин ширкат дар чанд нишасти муштараки иқтисодӣ баъд аз зуҳри якшанбе вориди Бағдод шуд ва мавриди истиқболи Назор Хайруллоҳ, қоиммақоми вазири хориҷаи Ироқ қарор гирифт.  

Муҳаммадҷаводи Зариф қарор аст, дар ин сафар илова бар музокира бо ҳамтои ироқии худ ҳамчунин бо Барҳам Солеҳ, раисҷумҳури Ироқ, Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазир, Муҳаммад Алҳаблусӣ, раиси Парлумони Ироқ дидор ва гуфтугӯ кунад.