Январ 17, 2019 16:49 Asia/Dushanbe
  • Посухи дандоншикани вазири хориҷаи Эрон ба ҳамтои амрикоӣ

Вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба дахолати вазири хориҷаи Амрико дар равобити Теҳрон ва Бағдод, таърихи куҳани Эрон ва Ироқро дар муқоиса бо таърихи Амрико ба рухи мақомҳои Вашингтон кашид.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи панҷшанбе пас аз нишасти фаъолони иқтисодии Эрон ва устони Наҷафи Ироқ дар ҷамъи хабарнигорон, дар посух ба саволи хабарнигоре, ки дар бораи тафовути сафари вазирони хориҷаи Эрон ва Амрико ба Ироқ пурсида буд, гуфт: «Робитаи мо бо Ироқ монанди бархе кишварҳои дигар, масну(сохтаг)-ӣ нест, мо ва Ироқ қабл аз ин, ки Амрико ба вуҷуди биёяд равобит доштем ва аз ин пас ҳам хоҳем дошт.»

Вазири хориҷаи Эрон афзуд: «Пайванди миллатҳои Эрон ва Ироқ, фарҳангӣ ва таърихӣ аст ва дар мубориза бо терроризм низ хуни ҷавонони ду кишвар ба ҳам омехта шудааст, ба ҳамин далел ҳеҷ қудрате наметавонд ду миллатро аз ҳам ҷудо кунад.»

Вай афзуд, дигарон якрӯз ба ин минтақа омадаанд ва рӯзе ҳам хоҳанд рафт ва ончӣ боқӣ мемонад миллатҳои минтақа аст.

Ҳафтаи қабл Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико, ки барои ҷалби ҳимояти ҳамсоягони Эрон аз барномаҳои зидди эронии Вашингтон ба Ховари Миёна сафар карда буд, дар Ироқ аз мақомоти ин кишвар хоста буд дар муқобила бо Эрон "мушорикати коромад" дошта бошанд.

Помпео бо як ҳавопаймои низомӣ ба Ироқ сафар карда буд, ки ироқиҳо онро нақзи ҳокимияти миллии худ ва иҳонат ба миллат ва давлати Ироқ донистанд ва ба он эътироз карданд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, ки рӯзи якшанбе 13 январ сафари панҷрӯзаро ба Ироқ оғоз кард дар шаҳрҳои Бағдод, Арбил, Сулаймония, Карбало ва Наҷаф бо масъулони баландпояи давлатӣ ва маҳаллӣ ва фаъолони тиҷории ироқӣ ба баҳсу табодули назар пардохт.

 

Барчасп