Январ 18, 2019 16:28 Asia/Dushanbe
  • Имоми ҷумъаи Теҳрон: Иддаои муборизаи Ғарб бо терроризм, дурӯғ аст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, маркази пулшуӣ ва таъмини молӣ ва таҷҳизотии терроризм, Амрико ва Ғарб аст ва иддаои муборизаи ин кишварҳо бо терроризм, дурӯғ аст.

Оятуллоҳ Муҳаммадалии Муваҳҳиди Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон афзуд: Амрико ва Ғарб ба ҳамроҳи режими Исроил, ҳомиёни бузурги терроризм дар минтақа ва ҷаҳон ҳастанд.

Вай афзуд: Ин Эрон буд, ки бо ДИИШ, ки терроризми сохтаи Амрико аст, ҷангид ва ин гурӯҳи террористиро аз Сурия ва Ироқ берун кард.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ба эътирофи амрикоиҳо ба эҷоди ДИИШ дар минтақа бо ҳадафи тақсими Ховари Миёна ишора кард ва гуфт: Амрико, режими Исроил ва муздурони минтақаии онҳо бузургтарин ҳомиёни ҷиноят зидди мардуми мазлуми Яман ҳастанд.

Оятуллоҳ Муваҳҳиди Кирмонӣ ҳамчунин ба ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ зидди мардуми мазлуми Фаластин ишора кард ва гуфт: Пас аз иқдомоти зиддифаластинии раиси ҷумҳурии Амрико, мардуми Ғазза ҳар ҷумъа тазоҳуроти мусолиматомезе дар борикаи Ғазза баргузор мекунанд, ки бо иқдомоти ҷинояткоронаи низомиёни исроилӣ садҳо фаластинӣ шаҳид ва ҳазорон нафар захмӣ шудаанд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо интиқод аз сукути кишварҳои ғарбӣ ва Амрико дар баробари ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва Арабистон дар минтақа, таъкид кард: Танҳо роҳи муқобила бо режими саҳюнистӣ ва Амрико муқовимат ва истодагӣ аст, ки натоиҷи мусбати онро метавон дар Сурия, Ироқ, Лубнон, Фаластин ва хуруҷи хиҷолатовари Амрико аз Сурия мушоҳида кард.