Январ 18, 2019 17:18 Asia/Dushanbe
  • Накӯдошти сиюмин солгарди номаи имом Хумайнӣ (раҳ) ба Горбачев

Набераи имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон ва масъули бинои оромгоҳи эшон гуфт: Номаи имом Хумайнӣ (раҳ) ба Горбачев ҳушдор ба ҳамаи таърих аст.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайидҳасани Хумайнӣ асри панҷшанбе дар ҳамоиши «Муслиҳи Шарқ», ки барои накӯдошти сиюмин солгарди номаи имом Хумайнӣ (раҳ) ба Михаил Горбачев, охирин раиси ҷумҳурии Шӯравӣ баргузор шуд, гуфт: Шӯравӣ барои насли имрӯз як номи таърихӣ аст, аммо воқеият ин аст, ки Шӯравӣ дар замони худаш абарқудрате буд.

Сайидҳасани Хумайнӣ гуфт: Номаи имом Хумайнӣ ба Горбачев ҳушдоре ба ҳамаи таърих аст, ки ҳар кас аз Худованд ва маънавият ҷудо шавад, ба бероҳа рафтааст.

Вай афзуд: Имом Хумайнӣ (раҳ) дар номаи худ ба Горбачев мехост роҳро аз бероҳа нишон диҳад ва императорӣ ва ҷабҳаи Шарқро ба роҳ биоварад.

Ҳазрат имом Хумайнӣ (раҳ) дар нахустин рӯзи соли 1989 номае маъруф ва таърихӣ хитоб ба Михаил Горбачев охирин раиси ҷумҳурии Шӯравӣ дар заминаи марги коммунизм ва зарурати парҳез аз такя ба Ғарб навиштанд.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайидҳасани Хумайнӣ ҳамчунин гуфт: Дар он замон мегуфтанд паймони Варшава шикаст хӯрд, акнун Варшаваи ҷадиде низ зидди мардуми Эрон дар роҳ аст, ки қатъан ба шикаст хоҳад анҷомид.

Майк Пампео вазири хориҷаи Амрико ҷумъаи гузашта (11 январ) аз баргузории нишасте бо мавзӯи Эрон дар рӯзҳои 13 ва 14 феврали 2019 дар Варшава, пойтахти Полша хабар дод.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон дар посух ба ин иқдом гуфт: Полша таҳти таъсири фазосозӣ, ваъдаву ваъидҳо ва фишорҳои давлати Амрико, дар масири сиёсатҳои зиддиэронии Кохи Сафед қарор гирифтааст.

 

Барчасп