Муовини бурунмарзии садо ва симои Эрон: Иттиҳоме ба Марзияи Ҳошимӣ ворид нашудааст
Муовини бурунмарзии Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Бар асоси баёнияи додгоҳи Амрико, то кунун ҳеҷ иттиҳоме ба Марзияи Ҳошимӣ муҷрӣ ва хабарнигори боздоштшудаи шабакаи "Пресс-ТВ" ворид нашудааст.
Паймони Ҷибилӣ муовини Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон шанбешаб дар гуфтугӯ бо бахши хабарии 21-и шабакаи яки телевизиони Эрон, дар бораи боздошти Марзияи Ҳошимӣ ба рафтори ғайримаъмули маъмурони Полиси федерали Амрико (FBI) ишора кард ва афзуд: Агар қарор аст хонуми Ҳошимӣ ба унвони шоҳиди парвандае бошад, ки дар он нақше надорад, ӯро бояд даъват мекарданд на инки дасту пойи ӯро занҷир ва ба муқаддасот ва эътиқодоти ӯ беэҳтиромӣ кунанд.
Ҷибилӣ бо баёни ин ки ин рафтори амрикоиҳо бо гуфторашон мутафовит аст, гуфт: Бино ба эъломи хонаводаи хонуми Ҳошимӣ, барои адои шаҳодат, дархосте ироа нашудааст.
Муовини бурунмарзии Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон тасреҳ кард: Боздошти ваҳшёнаи хонуми Ҳошимӣ ва рафтори ғайримантиқӣ бо ӯ, бо қонуни "шоҳиди иҷбории" Амрико дар зиддият аст.
Ҷибилӣ бо баёни ин ки рафтори амрикоиҳо бо муҷрӣ ва хабарнигори шабакаи "Пресс-ТВ" шоибаи сиёсӣ дорад, гуфт: Ин мавзӯъ нишон медиҳад, ки ҷурми хонуми Ҳошимӣ ин аст, ки бо шабакаи "Пресс-ТВ"-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкорӣ мекунад, зеро ин шабака, ҳарфҳои мутафовите бо ҳарфи мақомоти амрикоӣ мезанад ва иттилооте мутафовит бо хостаи давлати Амрико ба афкори умумӣ ироа медиҳад.
Полиси федерали Амрико, Марзияи Ҳошимӣ хабарнигор, мустанадсоз ва гӯяндаи амрикоиасли шабакаи "Пресс-ТВ"-ро, ки барои дидор бо хонаводаи худ ба Амрико сафар карда буд, бидуни ҳеҷ гуна иттиҳоме боздошт кард.
Шабакаи "Пресс-ТВ" як шабакаи англисизабон аст, ки мудирияти онро Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон бар уҳда дорад.