Солеҳӣ: Эрон кишваре мустақил дар ҷаҳон ва калиди тиллоии минтақа аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i41100-Солеҳӣ_Эрон_кишваре_мустақил_дар_ҷаҳон_ва_калиди_тиллоии_минтақа_аст
Раиси Созмони энержии атомии Эрон гуфт, Эрон танҳо кишвари мустақили ҷаҳон дар байни кишварҳои дар ҳоли тавсеа ва калиди тиллоии минтақа аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 20, 2019 20:33 Asia/Dushanbe
  • Солеҳӣ: Эрон кишваре мустақил дар ҷаҳон ва калиди тиллоии минтақа аст

Раиси Созмони энержии атомии Эрон гуфт, Эрон танҳо кишвари мустақили ҷаҳон дар байни кишварҳои дар ҳоли тавсеа ва калиди тиллоии минтақа аст.

Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон дар нуҳумин Ҳамоиши Ғазза намод муқовимат афзуд: Инқилоби исломӣ тавонистааст иқтидорофарин бошад ва муқовиматро дар бистари саҳеҳ қарор диҳад.  

Раиси Созмони энержии атомӣ дар ҳошияи ин ҳамоиш дар посух ба саволе дар бораи изҳороти Ҷон Болтон, мушовири раисҷумҳури Амрико мабнӣ бар инки Эрон ҳар гузорише, ки ба Созмони байналмилалии энержии атомӣ медиҳад, дуруст нест ва иттилооти ғалат медиҳад, гуфт: Оқои Болтон токунун ҳарфи рост назадааст.