Январ 24, 2019 18:44 Asia/Dushanbe
  • Саноӣ: Равобити Эрон ва Русия беназир аст

Сафири Эрон дар Русия, таҳаввул дар равобити сиёсӣ ва амниятии Теҳрон ва Маскав дар солҳои ахирро беназир, арзёбӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Маҳдии Саноӣ, сафири Эрон дар дидор бо аъзои Шӯрои илмии муассисаи мутолиоти (ИРАС)-и Русия дар Маскав, бо ташреҳи охирин вазъияти равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Русия дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуфт, равобити ду кишвар ба далели рушди ниёзҳои мутақобили дуҷониба ва шароити минтақаӣ, мутаҳаввил шудааст.

Сафири Эрон дар Русия бо баёни инки аз замони иҷрои БАРҶОМ, равобити иқтисодии дуҷониба чанд баробар шудааст, гуфт, ҳузури фарҳангии Эрон дар Русия низ чашмгир будааст.

Саноӣ ҳамчунин рӯйкардҳо ва чашмандозҳои муштараки Эрон ва Русия нисбат ба таҳаввулоти ҷаҳонӣ ва манофеи муштараки минтақаӣ бавижа дар қиболи таҳаввулоти Ховари Миёнаро, муҳиммтарин омили тавсеаи равобити сиёсӣ миёни Эрон ва Русия баршумурд.

 

Барчасп