Гирдиҳамоии Варшава нокомии сиёсати Трамп зидди Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i41208-Гирдиҳамоии_Варшава_нокомии_сиёсати_Трамп_зидди_Эрон
Пойгоҳи интернетии амрикоӣ навишт, беэътиноии муттаҳидони аврупоии Амрико ба гирдиҳамоии Варшава, идомаи нокомиҳои раиси ҷумҳурии Амрико зидди Эрон аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 25, 2019 14:05 Asia/Dushanbe
  • Гирдиҳамоии Варшава нокомии сиёсати Трамп зидди Эрон

Пойгоҳи интернетии амрикоӣ навишт, беэътиноии муттаҳидони аврупоии Амрико ба гирдиҳамоии Варшава, идомаи нокомиҳои раиси ҷумҳурии Амрико зидди Эрон аст.

Пойгоҳи интернетии «Американ Консервейтив» дар гузорише навишт, эътирозҳои Аврупо, Амрикоро маҷбур кард, то аз барномаҳояш барои баргузории конфронси Варшава ақибнишинӣ кунад.

Дар идомаи ин гузориш омадааст: Мавзӯи ин конфронс дар бораи Ховари Миёна тавсиф мешавад, дар ҳоле ки Майк Пампео вазири хориҷаи Амрико авоили январ ба вузуҳ ҳадафи баргузории Конфронси Варшаваро тамаркуз бар нуфузи Эрон дар минтақа эълом карда буд.

Ин гузориш меафзояд: Давлатмардони амрикоӣ маҷбур шудаанд аз лаффозиҳои шадидтар алайҳи Эрон худдорӣ кунанд, зеро кишварҳои дигар ба ин иқдомот алоқае нишон намедиҳанд.

Дар ин гузориш эътироф шудааст, ки конфронси Варшава натиҷае баръакс барои Трамп ва Пампео хоҳад дошт.

Бисёре аз кишварҳо намояндае ба ин конфронс намефиристанд ё бархе дигар аз кишварҳои ширкаткунанда мақомоти расмии радаи поинро ба ин конфронс эъзом хоҳанд кард.

Нишасти Варшава қарор аст, 13 ва 14 феврал баргузор шавад.