Январ 25, 2019 18:03 Asia/Dushanbe
  • Баромадани Эрон ба ниманиҳои Ҷоми миллатҳои Осиё бо гузар аз девори Чин

Тими миллии футболи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо пирӯзии се бар сифр баробари тими Чин, бо иқтидор ба марҳалаи ниманиҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё баромад.

Тимҳои милли футболи Эрон ва Чин дар марҳала якчаҳоруми ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё панҷшанбешаб дар варзишгоҳи Муҳаммад ибни Зоиди шаҳри Абудабии Иморот ба дидори ҳам рафтанд, ки дар ин дидор тими Эрон бо ироаи як бозии тамошоӣ бо 3 гол аз девори тими Чин гузашт ва ба ҷамъи чаҳор тими марҳалаи ниманиҳоии ин рақобатҳо роҳ ёфт.

Голҳои тими Эрон дар баробари тими Чинро, Меҳдии Торамӣ ва Сардори Озмун дар нимаи аввал ва Карими Ансорифард дар дақиқаи поёнии нимаи дувум ба самар расонданд.

Ба ин тартиб тими Эрон барои роҳёбӣ ба марҳалаи ниҳоии ҳабдаҳумин давраи рақобатҳои қаҳрамонии футболи Осиё, душанбеи оянда ба масофи Япония меравад.

Рӯзи ҷумъа дар дигар дидорҳои марҳалаи як чаҳоруми ниҳоӣ, Қатар бо Кореяи Ҷанубӣ ва Австралия бо Иморот дидор мекунанд.

Тими миллии футболи Эрон то кунун бо касби 3 унвони қаҳрамонӣ аз пурифтихортарин тимҳо дар рақобатҳои Ҷоми миллатҳои Осиё аст.

 

Барчасп