Интиқоди Эрон аз тарҳи мабоҳиси хориҷ аз вазоифи Шӯрои амнияти СММ
(last modified Sat, 26 Jan 2019 06:21:51 GMT )
Январ 26, 2019 11:21 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Эрон аз тарҳи мабоҳиси хориҷ аз вазоифи Шӯрои амнияти СММ

Муовини намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид аз тарҳи мавзӯоте ҳамчун тағйироти обуҳавоӣ дар Шӯрои амнияти ин созмон интиқод кард.

Ба гузориши ИРНА, Исҳоқ оли Ҳабиб шомгоҳи ҷумъа дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал бо мавзӯи таъсири тағйироти обуҳавоӣ бар сулҳ ва амнияти байналмилалӣ афзуд: Шӯрои амнияти Созмони Милал фоқиди салоҳиятҳои қонунӣ ва фаннӣ барои расидагӣ ба тағйироти обуҳавоӣ аст, зеро ин мавзӯот бояд дар Конвенсияи обуҳавои Созмони Милал, Маҷмаи умумӣ, Шӯрои иқтисодӣ - иҷтимоӣ ё назоири онҳо баррасӣ шавад.

Оли Ҳабиб аз Шӯрои амнияти Созмони Милал хост, ки фақат ба вазифаи аслии худ бирасад ва аз ваъда додан барои роҳҳалҳое, ки дар ниҳоят замонате барои иҷрои он надорад, худдорӣ кунад.

Муовини намояндаи доими Эрон дар СММ таъкид кард, мушкилоти марбут ба обуҳаворо фақат метавон аз тариқи эҷоди зарфият ва ҳамчунин кумакҳои молӣ ва фаннӣ, ки фаротар аз салоҳият ва қудрати Шӯрои амнияти Созмони Милал аст, ҳал кард.

Оли Ҳабиб бо баёни ин ки бояд бо ҳар гуна талош барои тазъифи абзорҳои байналмилалӣ, азҷумла хориҷ шудан аз паймонҳои марбута мухолифат шавад, изҳор дошт, ба иштирокгузории беҳтарин шеваҳо, табодули таҷриба, интиқоли бидуни қайду шарт ва ғайри табъизомези манобеи молӣ ва ҳамчунин дониши фаннӣ ва фанноварии созгор бо муҳити зист аз ҷумлаи иқдомоти муассир барои муқобила бо тағйироти обуҳавоӣ аст.