Вазири хориҷаи Ироқ: Ҳаргиз вориди қутби зиддиэронӣ намешавем
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i41243-Вазири_хориҷаи_Ироқ_Ҳаргиз_вориди_қутби_зиддиэронӣ_намешавем
Муҳаммадалӣ Ҳаким, вазири умури хориҷаи Ироқ таъкид кард, ки кишвараш ҳаргиз вориди қутби зиддиэронӣ нахоҳад шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 26, 2019 15:42 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Ироқ: Ҳаргиз вориди қутби зиддиэронӣ намешавем

Муҳаммадалӣ Ҳаким, вазири умури хориҷаи Ироқ таъкид кард, ки кишвараш ҳаргиз вориди қутби зиддиэронӣ нахоҳад шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳаким рӯзи шанбе дар гуфтугӯи телевизионӣ ва дар посух ба саволе дар хусуси фишорҳои Амрико барои пайвастани Ироқ ба қутби зиддиэронӣ таъкид кард, чунин дархостҳоеро намепазирем ва ҳаргиз вориди қутббандии алайҳи Эрон намешавем.

Вазири умури хориҷаи Ироқ таъкид кард, Бағдод мавзеи бетарафӣ дорад ва вориди даргириҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ намешавад.

Мақомоти давлати Ироқ бавижа Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири борҳо таъкид кардаанд, ки ин кишвар ҷузъе аз низоми таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Эрон нахоҳад буд ва бо вуҷуди таҳримҳо, дар пайи тақвияти равобит бо Эрон аст.

Манобеи мухталифи хабарӣ дар Ироқ, аз фишорҳои сангини мақомоти амрикоӣ дар сафарҳои ахири Майк Помпео, вазири умури хориҷаи ин кишвар ба Бағдод, барои пайвастани Ироқ ба таҳримҳои якҷонибаи Вашингтон алайҳи Эрон ва посухи манфии раҳбарони Ироқ гузориш медиҳанд.