Январ 28, 2019 13:54 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти муштараки консулӣ, марзӣ ва гумрукии Эрон ва Туркманистон

Чаҳордаҳумин нишасти муштараки консулӣ, марзӣ ва гумрукии Эрон ва Туркманистон дар Теҳрон баргузор шуд.

Ба гузориши идораи кулли дипломосии расонаии вазорати умури хориҷаи Эрон, дар ин нишаст, ки ба раёсати Ҳусайнпаноҳи Озар, муовини маҷлис ва умури эрониёни вазири умури хориҷаи Эрон ва Вафо Ҳоҷиев, муовини вазири умури хориҷаи Туркманистон баргузор шуд, дутараф дар бораи мавзӯоте аз қабили тасҳили судур раводид, тобеият, ҳуқуқи зиндониён, асноди қазоӣ, ҳамкории пулис, масоили марзӣ ва гумрукӣ табодули назар карданд.

Паноҳи Озар ва Ҳоҷиев ҳамчунин дар ин нишаст, ёддошти тафоҳуми чаҳордаҳумин нишасти муштараки консулӣ, марзӣ ва гумрукии Эрон ва Туркманистонро имзо карданд.

Вафо Ҳоҷиев, муовини вазири умури хориҷаи Туркманистон, ки ба Теҳрон сафар кардааст, пештар низ бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷа ва Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон дидор ва гуфтугӯ кард.

 

Барчасп