Январ 28, 2019 17:59 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии Эрон дар муноқисаи сохти бузургтарин сарбанди хокии ҷаҳон

Эрон ба унвони тарроҳ ва мушовири сохти бузургтарин сарбанди хокии ҷаҳон интихоб шуд.

Носири Таркишдуз, мудиромили ширкати эронии Маҳоби Қудс гуфт: Эрон бо баранда шудан дар муноқисаи сохти бузургтарин сарбанд ва нерӯгоҳи барқӣ-обии Африқо ба унвони тарроҳ ва мушовири сохти бузургтарин сарбанди хокии ҷаҳон интихоб шуд.

Вай бо ишора ба инки ин сарбанди хокӣ 17 километр аст, гуфт: Махзани дарёчаи ин сарбанд 6 баробари дарёчаи сарбанди Карха (бузургтарин сарбанди Эрон) муодили 35 миллиард метри мукааб аст.

Таркишдуз афзуд: Нерӯгоҳи ин сарбанд низ бо қудрати тавлиди 2 ҳазору 150 мегаватт бузургтарин нерӯгоҳи барқӣ-обии Африқо аст.

Мудиромили ширкати эронии Маҳоби Қудс гуфт: Дар ин муноқиса 39 ширкат, ки бузургтарин ширкатҳои муҳандисии ҷаҳон аз Амрико ва Аврупо ҳастанд, ҳузур доштанд, ки Эрон бо имтиёзи боло дар бахши фаннӣ тавонист барандаи ин муноқиса бошад.