Январ 29, 2019 19:19 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди доруи оҳани бидуни оризаи ҷонибӣ дар Эрон

Хатти тавлиди доруи ҷадиди дармони фақри оҳан бо талоши муҳаққиқони эронӣ роҳандозӣ шуд.

Умеди Раҷабӣ, мухтареи доруи оҳан бо сохтори юнӣ, дар маросими муаррифии ин доруи ҷадид гуфт: Таҳқиқ барои сохти ин дору 12 сол пеш оғоз шуд ва ҳамакнун формулаи сохти он дар Эрон ниҳоӣ шудааст.

Раҷабӣ афзуд: Бисёре аз мардум барои ҷуброни камбуди оҳан, доруе масраф мекунанд, ки дандонҳоро сиёҳ мекунад ва бар дастгоҳи гувориш ва ҷигар таъсири бад мегузорад дар ҳоле, ки доруи оҳан бо сохтори ионний, ҳеҷ кадом аз ин оризаҳоро надорад.

Вай гуфт: Бадани инсон бар пояи ионний тарроҳӣ шуда ва молекулаи оҳанро намешиносад.

Ба гуфтаи Раҷабӣ, доруи ихтироии ӯ мутобиқ бо ниёзи бадани инсон ва сад дарсад гиёҳӣ ва бидуни ориза аст.