Марзия Ҳошимӣ: Дар Амрико хабаре аз ҳуқуқи башар нест
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i41374-Марзия_Ҳошимӣ_Дар_Амрико_хабаре_аз_ҳуқуқи_башар_нест
Марзия Ҳошимӣ муҷрӣ ва хабарнигори шабакаи «Пресс-тв» бо интиқод аз вазъияти ҳуқуқи башар дар Амрико таъкид кард: Дар Амрико хабаре аз ҳуқуқи башар нест.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 01, 2019 16:50 Asia/Dushanbe
  • Марзия Ҳошимӣ: Дар Амрико хабаре аз ҳуқуқи башар нест

Марзия Ҳошимӣ муҷрӣ ва хабарнигори шабакаи «Пресс-тв» бо интиқод аз вазъияти ҳуқуқи башар дар Амрико таъкид кард: Дар Амрико хабаре аз ҳуқуқи башар нест.

Марзия Ҳошимӣ муҷрӣ ва хабарнигори «Пресс-тв», ки ба тозагӣ аз зиндони давлати Амрико озод шудааст, панҷшанбешаб дар гуфтугӯ бо шабакаи "Уфуқ"-и телевизиони Эрон, бо баёни ин ки беш аз 10 рӯз дар зиндони инфиродӣ дар Амрико боздошт будааст, гуфт: Зиндониҳои сиёсӣ дар Амрико 50 сол дар зиндон мемонанд.

Ҳошимӣ афзуд: Амрикоиҳо рафтори номуносибе бо зиндониён доранд.

Муҷрӣ ва хабарнигори «Пресс-тв» ҳамчунин бо қадрдонӣ аз мардуми Эрон, ки барои озодии ӯ талош карданд, гуфт, амрикоиҳо ба далели афкори инқилобӣ, вайро боздошт карданд.

Полиси федерали Амрико Марзия Ҳошимӣ хабарнигор, мустанадсоз ва гӯяндаи амрикоиасли шабакаи «Пресс-тв»-ро, ки барои дидор бо хонаводаи худ ба Амрико сафар карда буд, 13 январ бидуни ҳеҷ гуна иттиҳоме боздошт кард.

Марзия Ҳошимӣ баъд аз 10 рӯзи боздошт дар Амрико бидуни муттаҳам шудан ба ҳеҷ ҷурме озод ва чаҳоршанбешаби гузашта дар миёни истиқболи пуршӯри мардуми Эрон вориди фурудгоҳи Имом Хумайнӣ (раҳ) шуд.