Феврал 01, 2019 18:00 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Қирғизистон: Теҳрон бо бесуботӣ дар минтақа мухолиф аст

Сафири Эрон дар Қирғизистон бо баёни ин ки Теҳрон ҳамвора бо бесуботӣ дар минтақа мухолиф аст, гуфт: Амният, субот ва пешрафти мардуми Қирғизистон, амният, субот ва пешрафти мардуми Эрон аст.

Алии Муҷтабо Рӯзбеҳонӣ сафири Эрон дар Бишкек рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарӣ, бо баёни инки Эрон, Қирғизистонро бародари худ медонад, афзуд: Равобити миллати Эрон ва Қирғизистон собиқаи дерина дорад ва ин равобит ба нафъи ду миллат аст.

Рӯзбеҳонӣ тасреҳ кард: Соли гузашта (2018) фаъолияти ҷиддӣ дар ҳамкории Эрон ва Қирғизистон шакл гирифт ва асноди муҳимме аз ҷумла дар заминаи масоили иқтисодӣ, амният, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва ифротгароӣ, мавриди таваҷҷуҳ ва имзои давлатмардони ду кишвар қарор гирифт.

Сафири Эрон дар Қирғизистон ҳамчунин бо ишора ба мавонеи мавҷуд дар густариши равобити Теҳрон ва Бишкек изҳор кард: Ин мавонеъ бо тадбири мақомҳои ду кишвар бартараф мешавад.

Рӯзбеҳонӣ бо баёни ин ки ҳамкории Эрон ва Қирғизистон дар арсаҳои байналмилалӣ низ тақвият шудааст, гуфт: Бишкек ва Теҳрон аз мавозеи якдигар дар ниҳодҳои байналмилалии мухталиф ҳимоят мекунанд, ки ин раванд бояд идома ёбад.

 

Барчасп