Феврал 04, 2019 18:09 Asia/Dushanbe
  • Миллати Эрон - такя бар унсурҳои дарунии қудрат

Имрӯз таърих дар ҳоли такрор шудан аст. Қудратҳои султаҷӯ ва дар раъси онҳо Амрико бо ҳамон ангезҳои истеъмории гузашта ба дунболи заминасозӣ барои тазъифи кишварҳои исломӣ ҳастанд.

Ҷумҳурии исломии Эрон аммо бо тамоми қувват муқобили ин ҷараён истода ва бо ҳамаи тавон иҷоза намедиҳад, ки Амрико ва душманони ин инқилоб ба ҳадафашон даст ёбанд.

Амрико фикр мекунад, чун зӯр дорад, ҳақ ҳам дорад. Дарки онҳо аз қудрат на иқтидоре машруъ ва қонунӣ, ки зӯргӯӣ аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар баёноте дар ин бора, яке аз ин тасвирсозиҳои ғалатро “илқои дар мавзеи қудрат будани Амрико” донистанд ва хотирнишон карданд: Бо вуҷуди қудрати сахтафзории амрикоиҳо, воқеият он аст, ки онҳо дар мавзеи қудрат нестанд, зеро омили аслӣ ва таъйинкунандаи қудрат дар тақобулҳои ҷаҳонӣ “қудрати нармафзорӣ” ба маънои мантиқ, истидлол ва ҳарфи нав аст, ки Амрико дар ин маворид ба шиддат заиф аст ва ба далели набуди мантиқ ва истидлол, бар мабнои зӯргӯӣ сухан мегӯяд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд, ин хаёлот инсонро ба ёди суханони чиҳил сол қабли амрикоиҳо ва навкарони онҳо дар дохил меандозад, ки ба якдигар муждаи сарнагунии шашмоҳаи ҷумҳурии исломиро медоданд, аммо акнун чаҳор даҳа аз умри низоми исломӣ гузаштааст.

Раҳбари инқилоби исломӣ дилхушиҳои раисҷумҳури бечораи Амрикоро натиҷаи нишнохтани инқилоби исломӣ ва миллати Эрон ва рӯҳияи имонӣ ва инқилобии ин миллат донистанд ва таъкид карданд, ин таҳлили ғалат муҷиби гумроҳии амрикоиҳо дар чиҳил соли гузашта шудааст, ки бояд Худовандро ба далели ин ки душманони миллати Эронро аз нодонон ва аблаҳон қарор додааст, шукргузор буд.

Воқеиёти Эрони исломӣ нишон медиҳад, миллати Эрон тасмим гирифтааст, ки дигар таҳқир нашавад, дунболарави қудратҳои бегона ва душман нагардад ва худро ба авҷи иззат ва ифтихор бирасонад. Такя бар ин омилҳо аносири зотии инқилоби исломӣ ва маншаи қудрати дарунӣ дар Эрон аст.

Рузана Рамол, таҳлилгари масоили байналмилали рӯзномаи “Лубнон ал-баноъ” дар ин бора мегӯяд: Инқилоби исломӣ нуқтаи қобили таваҷуҳе буд, ки Эронро вориди фаҷри тозае кард, ки ҳама чиз ҳамроҳ бо он тағйир кард. Бархе ин нуқтаи атфро оғози инзивои Эрон ва бархеи дигар онро таваллуди эронӣ қаламдод карданд, ки аз қайду бандҳои амрикоӣ - ғарбӣ озод аст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон аммо инак бар хилофи ирода ва хости душманон, ба дарахте тануманд табдил шудааст. Имрӯз қудрат ва нуфузи Эрон омилҳои афзоиши амният дар минтақаро фароҳам меоварад ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар масири таҳкими сулҳ дар минтақа ва ҷаҳон ифои нақш мекунад. Ин нақш бар асоси меъёрҳои мухталифе, азҷумла қудрат, эътибор ва престиж аст.

Дар ҳоле, ки шавоҳиди ҳикоят аз заволи қудрат ва нуфузи Иёлоти Муттаҳида дар қарни ҷадид дорад, Эрон тавониста аст мафҳум ва улгуи муваффақе аз ҳамкорӣ барои эҷоди амният дар минтақаро ироа кунад. Нақшофаринии Эрон дар амниятсозӣ дар минтақа садди роҳи мудохилоти бегонагон дар минтақа шудааст. Он ҳам дар шароите, ки ҳеҷ як аз қудратҳои фароминтақа қодир ба эҷоди амният нестанд. Танҳо натиҷае, ки аз мудохилоти онҳо ҳосил шуда, ҳадар рафтани манобеъ ва сарвати кишварҳо, заминасозӣ барои мудохилоти қудратҳои бузург ва тиҳӣ шудани ин минтақа аз эътимод ва ҳамдилӣ аст, ки барои эҷоди як муҳити амн зарурӣ аст.

 

 

Барчасп