Солеҳӣ: Оксигени 18 дар реактори таҳқиқотии Хандоб тавлид шуд
Раиси Созмони энержии атомии Эрон гуфт, оксигени мусбати 18 бо хулуси 97 дарсад дар реактори таҳқиқотии Хандоби устони Марказӣ (маркази Эрон) тавлид шуд.
Ба гузориш ИРНА, Алиакбари Солеҳӣ рӯзи душанбе дар ҳошияи баҳрабардорӣ аз бемористони "Меҳри Хандоб" дар Арок, маркази устони Марказии Эрон бо баёни ин ки имкони тавлиди оксигени мусбати 18 бо зарфияти ҳудуди 60 килограм дар ин реактор фароҳам шудааст, тасреҳ кард, бо тавлиди ин маҳсул Эрон дар заминаи тавлиди доруи таҷҳизоти "Пет" худкифо шуда, имкони содирот низ барои кишвар фароҳам аст. Раиси Созмони энержии атомии Эрон хотирнишон кард, тавлиди ин маҳсул бо талошу кӯшиши шабонарӯзии донишмандони ҷавони эронӣ дар муддати се-чаҳори соли гузашта ҳосил шудааст. Вай афзуд, тавлиди оксигени мусбати 18 акнун дар инҳисори кишварҳои маҳдудест, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бо дастёбӣ ба ин маҳсул инҳисоршиканӣ кард.
Солеҳӣ рушд ва пешрафт дар арсаи фанноварии ҳастаиро аз муваффақиятҳои Эрон пас аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ донист ва таъкид кард, Эрон фанноварии иктишоф ва истихроҷ, таҳқиқ ва тавсеа, тарроҳии реакторҳои таҳқиқотиро ба даст овардааст.