Феврал 05, 2019 17:30 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон барои мубодилоти молӣ мунтазири Аврупо намемонад

Вазири хориҷаи Эрон бо баёни инки Эрон барои мубодилоти молӣ мунтазири Аврупо намемонад, таъкид кард: Эҷоди созу кори ҳимоят аз мубодилоти тиҷорӣ миёни Аврупо ва Эрон дар ин мақтаъ як озмоиш аст ва бояд дид, аврупоиён чи миқдор ҷиддӣ ҳастанд.  

Муҳаммадҷаводи Зариф пас аз ширкат дар Нишасти комиссияи амният миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: Иқдоми аврупоиён барои эҷоди як созу кори молӣ ва табодулоти тиҷорӣ бо Эрон дерҳангом буд ва бояд бисёр зудтар анҷом мешуд, аммо ба иллати фишорҳои Амрико ба тӯл анҷомид.

Вай бо баёни инки аврупоиҳо бояд зудтар иқдомоти тааҳҳудии худро оғоз кунанд, афзуд: Эрон ба тамоми тааҳҳудоташ дар чорчуби БАРҶОМ амал кардааст, аммо аврупоиён ба тааҳҳудоти худ амал накарда ва хисорати хуруҷи Амрикоро низ ҷуброн накардаанд.

Зариф тасреҳ кард: Созу кори ҳимоят аз мубодилоти тиҷорӣ бо Эрон мавсум ба Соҳот пеш аз инки барои Эрон муҳим бошад, барои аврупоиҳо муҳим аст, то ба дунё нишон диҳанд, истиқлол доранд ва метавонад манофеи худро пайгирӣ кунанд.

Вазирони хориҷаи Олмон, Фаронса ва Англия 31 январ эҷоди канали вижаи пардохти Аврупо ва Эрон таҳти унвон “абзори пуштибони фаъолиятҳои тиҷори”-ро эълом карданд.

 

Барчасп