Феврал 06, 2019 18:21 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Терроризм дар минтақаи Осиё натиҷаи сиёсатҳои нодурусти Амрико ва муттаҳидонаш аст

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти зиддиэронии раисҷумҳури Амрико таъкид кард: Терроризм дар минтақаи ғарби Осиё натиҷаи сиёсатҳои нодурусти Амрико ва бархе аз муттаҳидони ин кишвар аст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар конгресси ин кишвар, бо такрори иддаоҳои ҳамешагӣ алайҳи Эрон гуфт: Сахттарин таҳримҳоро алайҳи мардуми Эрон эъмол кардааст.

Баҳроми Қосими, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон афзуд: Амрико бо эҷоди Алқоида ва ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ, буҳрон, таниш ва бесуботии фарсоядаеро бар минтақаи ғарби Осиё таҳмил кард.

Қосими тасреҳ кард: Трамп дар ҳоле ба дуруғ Эронро муттаҳам ба ҳимоят аз терроризм мекунад, ки Эрон ба унвони бузургтарин қурбонии терроризм дар чанд даҳаи гузашта, бо ин падидаи шум мубориза карда ва дар шикасти ДИИШ дар Ироқ ва Сурия нақши ғайри қобили инкоре доштааст.

Вай хотирнишон кард: Иттиҳомоти воҳӣ ва бемантиқи раисҷумҳури Амрико алайҳи мардум ва низоми ҷумҳурии исломии Эрон наметавонад чеҳраи Амрико ва низомҳои диктатории мураввиҷи хушунат ва ифротии мавриди ҳимояти ҳокимони Амрикоро дар қатл ва куштори мардуми мазлуми минтақа татҳир кунад.

 

Барчасп