Муболиғагуиҳои дубораи Трамп дар бораи Эрон
Амрико дар давраи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп ошкоро рӯйкарди тазъиф ва барандозии низоми ҷумҳурии исломии Эронро дар пеш гирифтааст.
Дар ин росто Трамп бо эъломи хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ ва эҳёи таҳримҳои ҳастаӣ алайҳи Эрон, вориди ҷанги иқтисоди бо ҳадафи эҷоди фақри густарда ва бурузи нооромиҳо дар Эрон шудааст.
Аммо дар буъди минтақаӣ давлати Трамп дар чорчуби санади стратегияи амнияти миллии 2017, талоши густардаеро барои эҷоди эътилофҳои минтақаӣ бо ҳадафи маҳори Эрон ва талош барои тағйири сиёсатҳо ва иқдомоти он дар сатҳи Ховари Миёна сурат додааст.
Трамп аз хориҷ кардани Амрико аз тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ дифоъ кард.
Вай ин корро бо иддаои идомаи талоши Эрон барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ анҷом дод.
Трамп эътироф кард, ки тирамоҳи гузашта, мо шадидтарин таҳримҳоеро, ки токунун барои як кишваре эъмол кардаем, бар онҳо (Эрон) эъмол кардем.
Трамп дар айни ҳол Эронро муттаҳам ба яҳудситезӣ кардааст. Трамп дар ин замина гуфт, мо аз режиме, ки шиори марг бар Амрико сар медиҳад ва яҳудиёнро ба наслкушӣ таҳдид мекунад, ҳаргиз чашм бар намедорем.
Ба гуфтаи Саидаҳмади Ҳусайнӣ, таҳлилгари масоили байналмилалӣ: Бар ҳам задани БАРҶОМ, бозгардодани таҳримҳо ва фишор ҷиҳати масдуд кардани гулугоҳҳои табодулоти молӣ, таҳрик ҷиҳати савқ додани Эрон барои даст задан ба иқдомоти пурҳазина, фишор бар мардум ҷиҳати қарор додани онҳо дар баробари ҳокимият ва ҳифзи таҳдид ва сояи ҷанг бар рӯи кишвар аз аносури рафтории давлати кунунии Амрико барои хатарнок нишон додани Эрон барои минтақа ва ҷаҳон аст.
Сиёсати барандозии Амрико сирфан муҷиби афзоиши инсиҷоми миллии эрониён ва афзоиши рӯҳияи истикборситезии онҳо шудааст.