Тамҷиди раиси як ҳизби исломӣ дар Афғонистон аз Инқилоби Исломии Эрон
(last modified Sat, 09 Feb 2019 13:08:03 GMT )
Феврал 09, 2019 18:08 Asia/Dushanbe
  • Тамҷиди раиси як ҳизби исломӣ дар Афғонистон аз Инқилоби Исломии Эрон

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Афғонистон гуфт, рамзи муваффақияти Инқилоби Исломии Эрон дар ҳимояти қотеъи мардумӣ аз дастовардҳои инқилоб аст.

Муҳаммадмухтори Муфлиҳ рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигори ИРНА дар Кобул зимни табрики фаро расидани 40-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ ба давлат ва мардуми Эрон гуфт, раҳбарӣ ва тафаккури имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳимояти қотеъи мардуми Эрон аз Инқилоби Исломӣ, ин инқилобро дар ҷаҳон барҷаста кардааст .

Вай афзуд, мардуми Афғонистон аз Инқилоби Исломӣ илҳом гирифтанд ва ба ҷиҳод алайҳи ишғолгарони Шӯравӣ идома доданд, ки дар ниҳоят муваффақ ба ихроҷи онҳо аз кишварашон шуданд.

Муҳаммадмухтори Муфлиҳ афзуд, кишварҳои дигари минтақа ва ҷаҳон ҳам аз Инқилоби Исломии Эрон илҳом гирифтанд ва барои озод зиндагӣ кардан дар муқобили истикбори ҷаҳонии Амрико истодаанд ва ин раванд то имрӯз ҳам идома дорад.