Феврал 10, 2019 13:47 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Нишасти Варшава қабл аз баргузорӣ маҳкум ба шикаст шуд

Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар инки Амрико аз мавозеъ ва аҳдофи зиддиэронии худ дар нишасти Варшава ақибнишинӣ кардааст, гуфт: Ин нишаст пеш аз шурӯъ маҳкум ба шикаст шуд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба баргузории нишасти Варшава дар рӯзҳои оянда афзуд: Амрикоиҳо, ки барои баргузории нишасти зиддиэронӣ дар Полша талоши бисёре анҷом доданд, бо ақибнишинӣ аз мавозеи худ эълом карданд, ки Эрон мавзӯи ин нишаст нест.

Зариф тасреҳ кард: Ҳузури муовини раиси ҷумҳурии Амрико дар нишасти Варшава нишон медиҳад, ки амрикоиҳо ба аҳдоф ва ҳаракати аввалияи худ нарсидаанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд: Амрико талош мекунад фазои шаклгирифта алайҳи худро ҷуброн кунад.

Майк Пампео вазири умури хорҷаи Амрико дар идомаи талошҳои ин кишвар барои илқои сиёсати эронҳаросӣ 11 январ эълом кард: Вашингтон дар назар дорад нишасте бо мавзӯи Эрон дар рӯзҳои 13 ва 14 феврал дар Варшаваи Полша баргузор кунад.