Феврал 10, 2019 17:19 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон омодаи ҳамкорӣ бо Лубнон дар ҳамаи заминаҳо аст

Вазири хориҷаи Эрон дар бадви вуруд ба Бейрут дар ҷамъи хабарнигорон дар посух ба пурсише дар бораи эҳтимоли кумаки низомии Эрон ба Лубнон гуфт: Дар сурате, ки давлати Лубнон бихоҳад, Эрон омодаи ҳамкорӣ бо ин кишвар дар ҳамаи заминаҳо аст.  

Муҳаммадҷаводи Зариф, ҳадаф аз сафари дурӯзаи худ ба Лубнонро эъломи ҳамбастагӣ бо давлат ва миллати ин кишвар ва низ эъломи омодагии ҷумҳурии исломӣ барои ҳамкорӣ бо Лубнон дар ҳамаи заминаҳо унвон кард.

Вай ба ҳамзамонии сафари худ ба Лубнон бо ташкили давлати ҷадиди ин кишвар ишора кард ва ин дастовардро ба миллат ва давлати Лубнон табрик гуфт.

Вазири хориҷаи Эрон таъкид кард, Лубнон намоди муқовимат ва ҳамзистӣ аст.

Зариф асри якшанбе дар сафорати Эрон, мизбони чанд шахсият ва намояндаи аҳзоби лубнонӣ ва фаластинӣ аст.

Вазири хориҷаи Эрон рӯзи душанбе низ бо Мишел Авн, раисҷумҳур, Набиа Беррӣ,  раиси парлумон, Саъд Алҳарирӣ, нахуствазир ва Ҷуброн Босил, вазири хориҷа Лубнон дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.

 

 

 

Барчасп