Феврал 10, 2019 21:31 Asia/Dushanbe
  • Вазири иттилооти Эрон: Дастгирии 7 тан аз вобастагон ба ДИИШ

Вазири иттилооти ҷумҳурии исломии Эрон аз шиносоӣ ва дастгирии ҳафт тан аз вобастагон ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар Эрон хабар дод.

Саидмаҳмуди Алавӣ, Вазири иттилооти Эрон афзуд, нерӯҳои амниятии Эрон, токунун бо ишроф ва ҳушёрии комил ва ҳамчунин бо расади фарогир, ҳаракати душманонро мадди назар доштаанд.

Вай дар бораи дастовардҳои саноеи дифоӣ ва пешрафтҳои Эрон дар ин замина гуфт, дар ин арса рушд, пӯёӣ, тавсеа ва навоварӣ дар Эрон ба вуҷуд омадааст.

 

Барчасп