Роҳпаймоии чиҳилсолагии инқилоби исломӣ - ҳузуре бо паёмҳои ҷаҳонӣ
(last modified Tue, 12 Feb 2019 06:30:14 GMT )
Феврал 12, 2019 11:30 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоии чиҳилсолагии инқилоби исломӣ - ҳузуре бо паёмҳои ҷаҳонӣ

Мардуми Эрон дар ҷашни миллии чиҳилсолагии инқилоб, ҷудоӣ аз ҳар гуна салиқа ва гароиши сиёсӣ бо мушорикати ҳушмандонаи худ дар ин рӯзи таърихӣ ва сарнавиштсоз, сафҳаи зарини дигареро дар таърихи инқилоби исломӣ рақам заданд.

Ҳузури пурмаънои мардуми Эрон дар давраҳои ҳассос ҳамвора пурасар будааст. Имсол низ мардуми Эрон бо ҳузури чашмгир дар роҳпаймоии 22 баҳман ба хиёбонҳо омаданд ва дар шиорҳояшон барои истодагӣ бар ормонҳои инқилоб таъкид карданд. Шиорҳои рӯзи 22 баҳман алайҳи давлатмардони Амрико низ нишон аз душманшиносӣ ва огоҳии миллате дорад, ки ҳамвора ба таҳдидкунандагон посухе дархӯр додааст.

Тардиде нест, ки миллати Эрон бо иқтидор ва ҳамбастагӣ аз чолишҳо ва тавтеаҳои Амрико ва ҳампаймононаш убур карда ва пас аз ин низ пирӯзмандона ба роҳи худ идома хоҳад дод. Аз ин дидгоҳ, ҳузури дурахшандаи мардуми Эрон дар ҷашни бузурги чиҳилсолагии инқилоб як бори дигар нишон дод, ки миллати Эрон бо вуҷуди мушкилот ва бархе камбудҳо, ҳаргиз аз пой наменишинад ва душманонро ҳамчунон дар ҳасрати дидани шикаст ва нотавонии Эрон нигаҳ хоҳад дошт.

Ҳишом Ҷобир, коршиноси лубнонӣ ва раиси Маркази мутолеоти Ховари Миёна дар арзёбии иқтидори низоми ҷумҳурии исломӣ мегӯяд: “Имрӯз инқилоби исломии Эрон пас аз гузашти 40 сол дар авҷи шодобӣ ва ҷавонии худ қарор дорад. Инқилоби исломӣ аз ҳамон ибтидо бо анвои тавтеаҳо, фишорҳо ва муҳосираҳо рӯ ба рӯ шуд, аммо бо ин вуҷуд устувор боқӣ монд.....Инқилоби исломӣ имрӯз ба як қудрати минтақаӣ табдил шудааст”.

Истиқлол, иззат ва сарбаландии миллати Эрон дар ҳақиқат бароянди ин ҳузур ва якпорчагӣ дар давраҳои ҳассос ва таърихӣ аст. Бо такя бар ҳамин манбаи воқеии қудрат аст, ки миллати Эрон тавонистааст тавтеаҳои бузургеро пушти сар бигузорад ва бо қудрат дар муқобили ҳамаи таҳдидҳо биистад. Ин воқеияте аст, ки ҳатто душманони миллати Эрон ба он эътироф кардаанд.

Гурӯҳи иттилоотии “Суфан”, мустақар дар Ню-Йорк дар гузорише ки рӯзи душанбе (11 феврали 2019) бо унвони “Инқилоби инъитофпазири Эрон” мунташир шуд, таъкид кард: “Чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон дар шароите баргузор мешавад, ки ҷойгоҳи минтақаии ин кишвар ба болотарин сатҳ аз соли 57 то кунун расидааст”.

Ин гузориш таъкид мекунад: “Вазъи муҷаддади таҳримҳои Амрико аз ҷониби давлати Доналд Трамп алайҳи Эрон натавониста Эронро дар сатҳи ҷомеаи байналмилал мунзавӣ кунад”.

Инқилоби исломии Эрон пас аз гузашти 40 сол, бо вууди ҳамаи таблиғот ва илқоъоти душманон ҳамчунон дар авҷи иқтидор, пӯёӣ ва шодобӣ қарор дорад ва бо вуҷуди анбуҳи тавтеаҳо нишон дода, ки наметавон як миллати бузургро шикаст дод. Мардуми Эрон собит карданд дар ҳеҷ шароите таслими зӯргӯӣ ва боҷхоҳии Амрико нахоҳанд шуд ва бо рӯҳияи қавӣ ба роҳи худ идома хоҳанд дод. Ин пойдорӣ ва ҳифзи рӯҳияи истикборситезӣ аз унсурҳои муҳиме аст, ки муҳосиботи душманонро барҳам мезанад ва муҷиби истеҳкоми пояҳои инқилоб мешавад.

Ин ҳузури якпорчагӣ, ҳамдилӣ ва ваҳдати миллати Эронро ба намоиш мегузорад. Аз ин рӯст, ки ҳузури пуршӯри мардум дар роҳпаймоии 22 баҳман ҳовии паёме равшан ва сареҳ аст, ки наметавон онро нодида гирифт. Паёме ки ба дӯстдорони инқилоби исломӣ умед мебахшад ва душманонро маъюс мекунад.