Гуфтугӯи телефонии вазирони хориҷаи Толибон ва Тоҷикистон пас аз ҳодисаи марзӣ
-
Амирхон Муттақӣ, вазири умӯри хориҷаи ҳукумати Толибони Афғонистон ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистони
Порс Тудей - Дар пайи даргирии маргбори ахир дар марзи Афғонистону Тоҷикистон, вазири умури хориҷаи ҳукӯмати Толибони Афғонистон аз тамоси телефонӣ бо вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва оғози ройзаниҳо барои ҷилавгирӣ аз такрори ноамниҳо дар марзҳои дукишвар хабар дод.
Амирхон Муттақе, вазири умӯри хориҷаи ҳукӯмати Толибони Афғонистон гуфт, ки пас аз рӯйдодҳои амниятии ахир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон, гуфтугу кардааст.
Ин тамос дар пайи даргирии чаҳоршанбе (24 декабр) анҷом шуд, ки ба кушта шудани 5 нафар аз дутараф анҷомид.
Вазири умури хориҷаи ҳукӯмати Толибони Афғонистон бо таъкид бар оғози таҳқиқоти ҷиддӣ, ҳадаф ин гуфтугуро ҷилавгирӣ аз сӯиистифодаи гуруҳҳои таҳриккунанда ва ҳифзи субот дар марзҳои муштараки ду кишвар унвон кард. /ИРНА