Феврал 13, 2019 13:20 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши ёздаҳдарсадии бидеҳиҳои хориҷии Эрон

Бонки марказии Эрон дар гузорише аз коҳиши ёздаҳдарсадии бидеҳиҳои хориҷии Эрон дар соли 2018 хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, Бонки марказии Эрон дар гузорише эълом кард, бидеҳии хориҷии Эрон то 21 декабри 2018, 10 ҳазору 34 миллион доллар буда, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли 2017 ёздаҳ дарсад коҳиш ёфтааст.

Бидеҳии хориҷии Эрон то поён соли 2017  ёздаҳ ҳазору 305 миллион доллар буд.

Муқоисаи шохиси нисбати бидеҳии хориҷии Эрон бо дигар кишварҳо нишон медиҳад, ки Эрон дар зумраи кишварҳое аст, ки камтарин мизони бидеҳии хориҷиро дар ҷаҳон дорад.