Амрико дубора Эронро таҳрим кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i41717-Амрико_дубора_Эронро_таҳрим_кард
Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар идомаи иқдомоти хасмонааш алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон,  ду ширкат ва 9 фарди эрониро таҳрим кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 14, 2019 14:57 Asia/Dushanbe
  • Амрико дубора Эронро таҳрим кард

Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар идомаи иқдомоти хасмонааш алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон,  ду ширкат ва 9 фарди эрониро таҳрим кард.

Вазорати хазонадории Амрико, ин ду ширкат ва 9 фарди эрониро ба баҳонаи иртибот бо сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва ҳамчунин ончӣ "фаъолиятҳои бадхоҳонаи сайберӣ" номид дар феҳристи таҳрим қарор дод.

Вазорати хазонадории Амрико пештар низ борҳо ашхос ва ширкатҳои эронӣ ва ҳамчунин хориҷиро ба баҳонаҳои мухталиф аз ҷумла иртибот бо сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ таҳрим карда буд.

Sigal Mandelker, муовини вазири хазонадории Амрико ахиран таъкид карда буд, Вашингтон бояд иқдомоти бештаре алайҳи сипоҳи посдорон анҷом диҳад.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон октябри гузашта хотирнишон кард, эътиёди Амрико ба таҳрим аз контрол хориҷ шудааст.

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ нақши асосӣ дар мубориза бо террористҳои мавриди ҳимояти Амрико дар минтақа дорад.

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ барои мубориза бо гурӯҳҳои такфирӣ- террористӣ дар Ироқ ва Сурия ба дархости расмии ин кишварҳо, кумаки мусташорӣ ба онҳо ироа мекунад, иқдоме, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба мазоқи Вашингтон хушоянд нест.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 ва дар Ироқ аз соли 2014 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимоят Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои тағйири муодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шуд.