Феврал 14, 2019 20:47 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Терроризм аз муҳиммтарин муъзалоти минтақа ва ниёзманди муборизаи ҳамагонӣ аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон терроризмро аз муҳиммтарин муъзалоти минтақаи Ховари Миёна унвон кард ва гуфт, мубориза бо падидаи шуми терроризм ниёзманди ҳамкории ҳамаи кишварҳо аст.

Ҳасани Руҳонӣ, дар дидор бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия дар Сочии Русия бо баёни инки Эрон ва Туркия дар мубориза бо терроризм ирода ва ҳамкории муштарак доранд, гуфт, муттаассифона гурӯҳҳои террористии минтақа солҳост, ки аз сӯи қудратҳои хориҷӣ ва бавижа Амрико ҳимоят мешаванд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба равобити ду кишвари Эрон ва Туркия, ибрози умедворӣ кард, тавофуқҳои дуҷониба ба суръат иҷроӣ шаванд.

Руҳонӣ дар бораи баргузории нишаст сеҷонибаи Эрон, Русия ва Туркия дар Сочи низ гуфт, дар шароите, ки Эрон,Туркия ва Русия дар Сочи барои таҳкими субот дар минтақа ва мубориза бо терроризм дар Сурия талош мекунанд, иддае, ки худ ҳомии террористҳо ҳастанд дар Варшава дар ҳоли тавтеа зидди амният ва суботи минтақа ҳастанд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон низ бо баёни инки Анкара ба ҳамкориҳои ду ҷониба ва минтақаӣ бо Эрон барои мубориза бо терроризм идома хоҳад дод, ҳамлаи террористии чаҳоршанбешаб ба як автобуси ҳомили марзбонони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷодаи Хош- Зоҳидон дар устони Сиистон ва Балучистон, ҷанубу шарқи Эронро маҳкум кард.

Раисиҷумҳури Туркия ҳамчунин бо истиқболи кишвараш аз канали вижаи пардохти Аврупо ва Эрон таҳти унвони"обзори пуштибони фаъолиятҳои тиҷории "Instrument In Support of Trade Exchanges (INSTEX) гуфт, Туркия омодаи ҳамкорӣ бо Эрон дар чорчӯби INSTEX ва эҷоди механизми мушобеҳи дуҷониба аст.

Ҳасани Руҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба даъвати расмии Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия барои ширкат дар нишасти раисони ҷумҳурии Эрон, Туркия ва Русия дар бораи Сурия, рӯзи панҷшанбе ба Сочии Русия рафт.

 

Барчасп