Феврал 15, 2019 19:09 Asia/Dushanbe
  • Венесуэла ҳодисаи террористии Зоҳидонро маҳкум кард

Венесуэла ҳамлаи террористии ҷанубу шарқи Эронро, ки ба шаҳодати шуморе аз марзбонони ин кишвар мунҷар шуд, ба шиддат маҳкум кард.

Давлати Венесуэла бо судури баёнияе, зимни маҳкум кардани ҳамлаи интиҳорӣ ба автобуси ҳомили марзбонони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар устони Сиистон ва Балучистон, ҷануби шарқи Эрон, бо хонаводаи шуҳадо ва маҷруҳони ин ҳамлаи террористӣ ва низ давлат ва миллати Эрон ибрози ҳамдардӣ кард.

Чаҳоршанбешб як автобуси ҳомили марзбонони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷодаи Хош – Зоҳидон дар устони Сиистон ва Балучистон, ҷанубу шарқи Эрон, ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, ки дар ин ҳамла 27 нафар аз ҳофизони марзҳои Эрон шаҳид ва 13 нафар захмӣ шуданд.

Гурӯҳаки террористии мавсум ба "Ҷайшуладл" масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст.

 

Барчасп