Феврал 17, 2019 17:31 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди вазири хориҷаи Эрон аз рафтори дугонаи ғарб бо ҳуқуқи башар

Вазири хориҷаи Эрон аз сиёсатҳои ғарб дар фурӯши силоҳ ва меъёрҳои дугона дар заминаи ҳуқуқи башар интиқод кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар ҳошияи Нишасти амниятии Мюнхен дар вокуниш ба таҳдиди Фаронса дар мавриди таҳримҳои мушакии зидди Эрон гуфт: Дар ҷанги ҳаштсолаи таҳмилии Эрон бо Ироқ, ки бо ҷангандаҳои фаронсавӣ, таслиҳоти химиявии олмонӣ, танкаҳои англисӣ ва аваксҳои амрикоӣ дар қолаби нерӯҳои ироқӣ ба Эрон ҳамла мекарданд, ҳеҷ кишваре кӯчактарин абзори дифоӣ ба Эрон надод.  

Зариф ҳамчунин бо интиқод аз фурӯши ҳангфти таслиҳоти ғарб ба кишварҳои минтақа афзуд: Дар шароите, ки ҳеҷ кишваре ба Эрон ҳатто як ҷети ҷангӣ намефурӯшад, ҷумҳурии исломӣ чигуна бояд аз худ дифоъ кунад.

Вай бо ишора ба қатъномаи 2231 Шӯрои амният тасреҳ кард: Ин қатънома дар иртибот бо мушакҳои тарроҳишуда барои ҳамли силоҳи ҳастаӣ аст дар ҳоле, ки ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ силоҳи ҳастаӣ надорад.  

Зариф дар бораи иддаои бархе аз кишварҳои ғарбӣ дар бораи ҳимояти Эрон аз терроризм ҳам гуфт: Дар 1984 Амрико Саддом, диктатори вақти Ироқро аз феҳристи терроризм хориҷ кард ва Эронро вориди ин феҳрист кард, сипас Амрико гурӯҳи террористии мунофиқинро дар феҳристи терроризм қарор дод ва баъд ин гурӯҳро аз феҳрист хориҷ кард, дар ҳоле, ки ин як бозӣ аст, ки бояд ба он поён дод.

 

Барчасп