Феврал 17, 2019 18:05 Asia/Dushanbe
  • Эрон сафири Покистонро эҳзор кард

Рафъат Масъуд, сафири Покистон дар Теҳрон ба вазорати хориҷа эҳзор ва маротиби эътирози шадиди ҷумҳурии исломии Эрон ба вай иблоғ шуд.

Дар пай ҳодисаи террористии чаҳор рӯзи пеш дар ҷоддаи Хош-Зоҳидон хонуми Рафъат Масъуд, сафири Покистон ба вазорати хориҷаи Эрон фарохонда шуд.

Дар ин мулоқот зимни ишора ба афзоиши иқдомоти террористӣ аз дохили хоки Покистон, аз ҷумла ҳодисаи террористии ахир дар ҷоддаи Хош-Зоҳидон, эътирози Эрон иблоғ ва бо сароҳат таъкид шуд, ки ҷумҳурии исломии Эрон аз давлат ва артиши Покистон интизор дорад, бо қотеият ва ҷиддияти лозим алайҳи пойгоҳҳо, таҳаррукот ва истиқрори гурӯҳакҳои террористии фаъол дар манотиқи марзии ин кишвар бо ҷумҳурии исломии Эрон бархурд кунад.

Дар ин дидор ҳамчунин таъкид шуд, ки давлат ва артиши Покистон набояд иҷоза диҳад, гурӯҳакҳои террористӣ беш аз ин бо иқдомоти террористӣ ва ғайриинсонии худ муҷиботи ташдиди ноамнӣ ва бадбинӣ ва беэътимодӣ байни ду кишварро фароҳам кунанд.  

Сездаҳуми феврал террористҳои Ҷайшуладл вобаста ба Алқоида бо гузар аз марзи Покистон ва Эрон вориди устони Систон ва Балучистон шуданд ва бо як мошини пур аз маводи мунфаҷира автобуси ҳомили марзбонони нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро мунфаҷир карданд.

Дар ин ҳамла 27 тан аз марзбонони эронӣ шаҳид ва 13 нафар захмӣ шуданд.

 

Барчасп