Солеҳӣ: Эрон ба 15 кишвар радиодору содир мекунад
Раиси Созмони энержии атомии Эрон аз содироти радиодоруҳои эронӣ ба 15 кишвар хабар дод.
Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт, ҷумҳурии исломӣ яке аз кишварҳои пештоз ва пешрав дар тавлиди радиодору ва тавсеаи родиудоруҳои ҷадид аст ва акнун радиодоруҳои тавлиди Эрон ба 15 кишвар содир мешавад.
Солеҳӣ ҳамчунин бо ишора ба таҳрими Эрон тавассути Амрико изҳор дошт, душманон талош мекунанд ба василаи таҳримҳо рӯйи тавлиди радиодоруҳо дар Эрон таъсир бигузоранд, аммо бо талоши мутахассисони эронӣ онон ноком хоҳанд монд.
Радиодоруҳо - доруҳое ҳастанд, ки дар сохти онҳо аз маводи радиоактив истифода мешавад ва дар ташхис ва дармони бархе бемориҳо корбурд доранд.