Охирин хабарҳо аз вазъияти парвандаи Бобаки Занҷонӣ
(last modified Wed, 20 Jul 2016 13:04:46 GMT )
Июл 20, 2016 18:04 Asia/Dushanbe
  • Охирин хабарҳо аз вазъияти парвандаи Бобаки Занҷонӣ

Вакили Бобаки Занҷонӣ гуфт, шарикони хориҷии муваккилаш ҳозиранд барои пардохти васиқаи таъйиншуда ба Эрон биёянд ва бо масъулони қазоии Эрон дар ин замина гуфтугӯ кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Расули Кӯҳпоязода дар мусоҳиба бо хабаргузории "Садо ва Симо"-и Эрон, дар посух ба ин суол ки оё Бобаки Занҷонӣ тавони пардохти васиқаи 10 ҳазор миллиард туманӣ (ҳудуди се миллиард доллар) -ро дорад, гуфт: "Шуракои хориҷии муваккилам дар номае омодагии расмии худро барои пардохти ин васиқа эълом кардаанд ва ман ҳам дар лоиҳае ки ба мароҷеи масъули қазоӣ тақдим шуд, таъкид кардаам, ки агар лозим бошад ин шарикон ба Эрон ҳам хоҳанд омад ва метавонанд дар ин замина бо мароҷеи қазоӣ ҳам гуфтугӯ кунанд".

Кӯҳпоязода гуфт: "Дар ҳар ҳол шарикони Занҷонӣ маҳзи ризои Худо ин корро анҷом нахоҳанд дод ва билахира онҳо ҳам манфиатдор ҳастанд ва бо пардохти васиқаи ӯ, манофеи онон низ таъмин мешавад, аммо ин шарикон барои табдили қарори боздошти муваққати оқои Занҷонӣ ва ҳамчунин пардохти васиқаи таъйидшуда ҳеч шарте нагузоштаанд ва мунтазиранд дастгоҳи қазоии Эрон эъломи назар кунад".

Кӯҳпоязода дар посух ба ин суол ки ба фарзи озодии Занҷонӣ аз зиндон, чӣ иқдомоте аз ҷониби ӯ қарор аст анҷом шавад, гуфт: "Дар ин сурат эътибори Занҷонӣ пеши шарикони хориҷиаш бештар мешавад ва ҳусни дигари озодии ӯ ин аст ки бархе амволи хориҷиаш аз таарруз дар амон мемонад ва метавонад амволашро сару сомон диҳад".

Додгоҳи расидагӣ ба иттиҳомоти Бобаки Занҷонӣ ба унвони муттаҳами радифи аввал ва Маҳдии Шамс ва Ҳамиди Фалоҳи Ҳиравӣ ба унвони муттаҳамони радифи дуввум ва саввум дар парвандаи фасоди нафтӣ, моҳи октябри 2015 оғоз шуд ва пас аз 26 ҷаласа дар авоили феврали соли 2016 ба поён расид.

Саранҷом Бобаки Занҷонӣ ва ду муттаҳами дигар дар моҳи марти соли 2016 ба эъдом, бозгардонидани мол ва ҷазои нақдӣ маҳкум шуданд.