Феврал 18, 2019 18:06 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Аврупо набояд ба дунболи такмили хостаҳояш аз ҷониби Эрон бошад

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт: Сабр ва таҳаммули мардум ва давлати Эрон ҳадде дорад ва Аврупо набояд бо сарфи замон ба дунболи такмили хостаҳои худ аз ҷониби Эрон бошад.

Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар нишасти ҳафтагӣ бо хабарнигорон дар бораи канали вижаи пардохти Аврупо ва Эрон бо унвон “абзори пуштибони фаъолиятҳои тиҷорӣ” мавсум ба INSTEX гуфт: Ончи аз сӯи Аврупо матраҳ шуда, як иродаи сиёсӣ буда, ки токунун муваффақияти лозимро надошта ва корҳо ба кундӣ пеш рафтааст.  

Вай бо ишора ба таъкиди вазири хориҷаи Эрон бар иқдоми амалии Аврупо пас аз хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон нақше созанда ва пуё дар эҷоди сулҳ ва мубориза бо маводи мухаддир ва ҷиноёти созмонёфта дошта ва дар баҳси БАРҶОМ низ тааҳҳудоти худро ба хубӣ анҷом додааст.  

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон таъкид кард: Аврупоиҳо борҳо гуфтнаанд, мухолифи сиёсатҳои якҷонибагароёнаи Амрико ҳастанд ва бо таваҷҷуҳ ба нақши мусбати Эрон дар субот ва амнияти минтақа, Аврупо бояд вазифаи худро дар таъмини манофеи Эрон аз БАРҶОМ иҷро кунад.  

Қосимӣ дар бораи ҳамкориҳои Эрон ва Покистон пас аз ҳамлаи террористии ахир дар ҷануби шарқи Эрон ва сафари валиаҳди Арабистон ба он кишвар пас аз ин ҳодисаи террористӣ гуфт: Иртиботи Теҳрон бо Исломобод аз каналҳои мухталиф барқарор аст ва дутараф пешниҳодотеро барои ҳалли мушкилоти пешомада барои бархе омадушудҳо матраҳ кардаанд.  

 

Барчасп