Феврал 21, 2019 16:27 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ҳашт муттаҳами ҳамлаи террористии Сиистону Балучистони Эрон

Раиси кулли Додгустарии устони Сиистон ва Балучистон (ҷанубушарқи Эрон), гуфт, бо талошҳои нерӯҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятии ин устон токунун ҳашт муттаҳам дар иртибот бо ҳамлаи террористии ҷодаи Хош - Зоҳидон дастгир шудаанд.

Чаҳоршанбешаб (13 феврал) як автобуси марзбонони Эрон дар ҷодаи Хош- Зоҳидон дар устони Сиистон ва Балучистон, ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, ки дар ин ҳамла 27 нафар аз ҳофизони марзҳои Эрон шаҳид ва 13 нафар захмӣ шуданд. Гурӯҳаки террористии мавсум ба "Ҷайш ул зулм" масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт.

Ба гузориши ИРНА, Иброҳими Ҳамидӣ имрӯз панҷшанбе бо баёни инки ду нафар аз ин муттаҳамон тайи рӯзи гузашта ва имрӯз дастгир шуданд, тасреҳ кард, аз шаш нафари дастгир шуда дар рӯзҳои қабл, як нафар зан, ки молики худрави интиҳорӣ буда дар шаҳристони Хош дастгир шудааст.

Раиси кулли Додгустарии устони Сиистон ва Балучистон, афзуд, дар баррасиҳои ба амал омада, аз манзили зани боздошт шуда, қисмҳое аз худрави интиҳорӣ кашф шуда, ки парванда бо қотеъият дар ҳоли пайгирӣ аст.

Вай ҳамчунин аз кашфи хонаҳои гурӯҳӣ дар шаҳристонҳои Хош ва Саровон дар устони Сиистон ва Балучистон хабар дод ва афзуд, дар ин баррасиҳо 150 кило маводи мунфаҷира, омодаи инфиҷор дар шаҳристони Хош ва 600 кило маводи мунфаҷираи пешсохти бомб дар шаҳристони Саровон кашф шудааст.

 

Барчасп