Феврал 22, 2019 17:32 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Покистон набояд ба пойгоҳи тарбияти террорист табдил шавад

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо ишора ба ҳамлаи террористии Сиистон ва Балучистон дар ҷанубу шарқи Эрон таъкид кард: Барои Эрон қобили қабул нест сарзамини як кишвари исломии ҳамсоя ба пойгоҳе барои тарбияти муздурони террорист табдил шавад.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Муҳаммадҳасани Абутробифард дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон бо таъкид бар инки шоиста нест Покистон барои ҳамсоягони худ шароити нобаҳинҷоре эҷод кунад, гуфт: Покистон бояд ҳазинаи ин иқдоми худро пардохт кунад.

Хатиби ҷумъаи Теҳрон тасреҳ кард: Аз давлати Покистон ба унвони як ҳамсояи мусулмон интизор аст рафтори гузаштаи худро ислоҳ ва роҳро барои тадовуми усули бародарӣ ҳамвор кунад.

13 феврал як автобуси марзбонони Эрон дар ҷодаи Хош - Зоҳидон дар устони Сиистон ва Балучистон ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, ки дар ин ҳамла 27 нафар аз ҳофизони марзҳои Эрон шаҳид ва 13 нафар захмӣ шуданд.

Гурӯҳаки террористии мавсум ба "Ҷайшулъадл" масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин бо баёни инки инқилоби исломии Эрон аз ҷиҳати поибандии чиҳилсола ба ормонҳо истисноӣ аст, афзуд: Эрон дар чаҳор даҳа бар мабонии ислом ва инқилоб истода ва роҳи пуршитоби худро идома додааст.

 

Барчасп